Бозиҳои Осиё: Ба ғолибон ҷоизаи пулӣ ва хона тақдим карда мешавад

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиё, ки дар шаҳри Ханжоуи Чин баргузор мешавад, маълум шуд. 138 варзишгар Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр муаррифӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик аз 40 намуди бозиҳо дар 18 намуди он дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунанд.

Аз ҳама бештар ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон варзишгарон шомиланд, ки 13 варзишгар бо 1 намоянда ва 5 мураббӣ ҳастанд. Ҳамчунин, дар шиноварӣ 8 варзишгар (1 мураббӣ), таэквандо 6 варзишгар (1 мураббӣ), варзиши сабук 4 варзишгар (1 мураббӣ), бозиҳои компютерӣ 13 варзишгар (1 мураббӣ), каратэ-до 3 варзишгар (1 мураббӣ), кураш 3 варзишгар (1 мураббӣ), ҷудо 11 варзишгар (3 намоянда, 2 мураббӣ), камонварӣ 4 варзишгар (1 мураббӣ), ҷиу-ҷитсу 6 варзишгар (1 мураббӣ), каноэ-кайак 7 варзишгар, куштии озод ва юнону румӣ 9 варзишгар (1 намоянда, 2 мураббӣ), тирандозӣ 4 варзишгар (1 мураббӣ), рақси варзишӣ 4 варзишгар (1 мураббӣ), тенниси рӯи миз 4 варзишгар (1 мураббӣ), теннис 5 варзишгар (1 мураббӣ), ушу 2 (1 мураббӣ), волейболи соҳилӣ 4 (1 мураббӣ) ширкат мекунанд.

Паҳлавони маъруф Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиё парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон хоҳад буд.

Ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Хангжоу нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, ба барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Раиси шаҳри Душанбе баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиё қарор кард, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3-утоқа, медали нуқра 2-утоқа ва медали биринҷӣ хонаи 1-утоқа тақдим мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *