Дар шумораи №40-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Таронаи нави Юлдуз Усмонова чӣ маъно дорад?” дар мавриди таронаи нави ҳунарманди ӯзбек пурсон шудааст.

Дар қисмати дуввуми саҳифаи 2 номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Умре дар фироқи фарзанд месӯзам”, “Бо шавҳари занакбоз чӣ кор кунам?”, “Марди ҷоҳил ислоҳ намешавад” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Ишқи пирӣ Гулрозро кушт” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур сарнавишти занест, ки дар синни баркамолӣ зани дуюми марди дорое мегардад, вале фарзандони шавҳараш ба зиндагии хушбахтонаи ӯ нуқта мегузоранд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими вақтҳои намоз барои моҳи октябри соли 2022 дарҷ гардидааст, ки аз ҷониби Маркази исломии кишвар омода гардидааст.

“Тоҷик дар Русия тоҷиконро кидат карду…” саргузашти як гуруҳ мардони муҳоҷирро қисса мекунад, ки дар мулки ғурбат ба фиребу найранги як ҳамватани худ дучор гаштаанд.

“Туҳмати хушдоман се тифлакро ятим кард”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи кӯтоҳу фоҷиабори як ҷавонзан, ки бо як туҳмати хушдоман ҷони ҷавонашро аз даст додааст.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз “Инста-сериали Азик дар Туркия то клипи нави Абдурозиқ дар Ҳиндустон” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Сиёсатшиносе, ки ситораи санъат шуд!” маводеро аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ҳунарманди ҷавону маҳбуб Мубориз Усмонов мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Асал ба зани ҳомиладор чӣ фоида дорад?” ва “2 роҳи осони харобшавӣ?” ба бонувони ҳомила ва нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *