Танаффус ба охир расид, бозиҳо шуруъ шуданд

Пас аз ду ҳафтаи танаффус, ки дар ин фурсат дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Ҷоми шоҳи Тайланд ширкат дошт, бозиҳои даври 16-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

30-юми сентябр дастаҳои “Эсхата” ва “Хатлон” дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бозӣ карданд, ки вохўрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Дар бозии дигар, ки низ дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон”-и Хуҷанд 1-уми октябр доир гардид, “Хуҷанд” ба дарвозаи “Файзканд” се голи беҷавоб зад.

1-уми октябр “Равшан”-и Кўлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро мағлуб кард. Ҳисоби 2:0 дар ин бозӣ ба қайд гирифта шуд.

Ду бозии дигар рўзи 2-юми октябр баргузор шуданд. Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) дар майдони худ аз дастаи “Равшан”-и Зафаробод бо натиҷаи 1:2 шикаст хўрд.

Бозии “Истаравшан” ва “Истиқлол” бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. То вақти иловагӣ ҳисоб 1:0 бар нафъи соҳибони майдон буд. Легионери аргентинии “Истиқлол” Гонсало Габриел Ритакко дар дақиқаҳои иловагӣ дастаашро аз бохт наҷот дод.

Пас аз натиҷагирии 16 давр дар ҷадвали чемпионат “Истиқлол” бо 31 имтиёз пешсаф аст. “Равшан”-и Кўлоб бо 4 холи камтар (27) дар ҷойи дуюм ва “Хуҷанд” бо 25 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври навбатӣ 8-9-уми октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар даври 17-ум 8-уми октябр “Регар-ТадАЗ” — КМВА, “Хатлон” — “Истаравшан”, 9-уми октябр “Равшан” (Зафаробод) — “Хуҷанд”, “Истиқлол” — “Равшан” (Кўлоб), “Файзканд” — “Эсхата” бо ҳам вомехӯранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *