Дар шумораи №42-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” хонандаи доимии ҳафтанома бо суоли “Орзу Исоев ҷияни вазир аст?” ба мо муроҷиат кардааст. То кадом андоза ҳақиқат доштани овозаи мазкурро баъд аз мутолиаи маводи мазкур фаҳмида метавонед.

Дар қисмати дувуми саҳифаи мазкур номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Падарам баъди 25 сол баргашт, вале…?”, “Рӯзи тӯйи шавҳарам девона шудам?”, “Хонадомод шудан мехоҳам” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Падарам ошиқи арақ буду…” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур сарнавишти духтарест, ки аз азобҳои зиндагии оилавиашон бо падари майхораву бадкирдор қисса мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” саволҳои кӯтоҳи динӣ ва посухи он аз ҷониби уламои дин пешкаши хонандагон мегардад. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Марги раиси чорзана” аз нақли зане навишта шудааст, ки бо вуҷуди чор зан гирифтани шавҳараш баъд аз марги ӯ бо некӣ ёд мекунад.

Боз як қиссаи ҷолибу хонданӣ таҳти унвони “Арӯси бачадор” дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома пешкаши хонандагон ва ҳаводорони қиссаҳои ибратомӯз мегардад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “Аз ошкоргӯиҳои Баҳора то нашри “Lacoste”-и Барон” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Арӯси замонавӣ” дар як шаб маро ситора кард” маводеро аз зиндагиву фаъолияти эҷодии ҳунарманди маҳбубу шинохта Зулфия Содиқова мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи «Рыбий жир» саратонро пешгирӣ мекунад?” роҳи табобат ва пешгирӣ намудани бемории саратон бо истифода аз дорувории мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *