Аз эроди вазири маориф то мудири нави кӯдакистони №134

Ба вазифаи мудири кӯдакистони №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки ахиран баъд аз эродҳои вазири маориф ва илм мудири пешинаш барканор шуда буд, Сайёра Сафарова таъин шудааст.

Тавре Pressa.tj хабар ёфт, Сайёра Сафарова то ин муддат мудири кӯдакистони №20-и ноҳияи Фирдавсӣ будааст. Ӯ дар ин вазифа беш аз 4 сол фаъолият кардааст ва аз ӯ ҳамчун мудири ташаббускор ном мебаранд. Кӯдакистони №20 ҳарчанд хурд бошад ҳам, аммо ҳамеша тозаву озода аст. Дар ин муассисаи томактабӣ мураббияҳои соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. Кӯдакон ҳамеша дар барномаҳои фарҳангӣ ва телевизионӣ иштироки фаъол доранд.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми октябри соли равон бо мақсади санҷиши рафти иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз муассисаи таҳсилоти томактабии №134 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуд.

Ин дар ҳолест, ки 13-уми октябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои мазкур дидан намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида як ҳафта муҳлат муайян намуда буд. Бинобар сабаби дар муҳлати муқарраргардида бартараф нагардидани камбудиҳо мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №134 аз вазифа озод ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ба вазифаи дигар гузаронида шуданд.

“Бори дигар ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намояд”,- иттилоъ медиҳад Вазорати маориф ва илм.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *