Дар шумораи №52-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Таҳти рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро зери унвони “Қайсингул не, балои ҷони янга”, “Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам”, “Падарам писарашро оқ карду…” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа мусоҳибаи кӯтоҳи хабарнигори ҳафтанома бо сарояндаи ҷавону хушовоз Комилҷон Зарипов оид ба зиндагиву кору фаъолияти ҳунарманд дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Сояи сиёҳи бадномӣ”, ки дар саҳифаи 5-и ҳафтанома дарҷ гардидааст, сарнавишти занеро қисса мекунад, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд охир ба хушбахтӣ мерасад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кӯтоҳи хонандагон дар мавзӯи динӣ саволу ҷавобҳои кӯтоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз суҳбати ошиқонаи Зулайхо” то нашри “Кофе”-и Барон” мутолиа намоед.
Таҳти рубрикаи чеҳра зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди маҳбуб Нурулло Абдуллоев пешниҳоди мухлисон мегардад.
Зери рубрикаи “Солимӣ” оид ба бемории солинавӣ маводи тиббиро мутолиа намоед.
Дар саҳифаи 15 зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди маҳбуб Мирзоумари Мирзоаҳмад ба чоп расидааст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ