арча

Пайки Соли нав. Оғози тантанаҳои солинавӣ дар Тоҷикистон

Ҳамасола дар Тоҷикистон Соли нави мелодиро бо тантана ҷашн мегиранд. Имсол ҳам аллакай шуруъ аз 1-уми декабр дар Тоҷикистон аз рӯйи анъана дар марказҳои шаҳрҳо арчаи солинавӣ қомат афрохт. Чун ҳарсола дар Душанбе ва Хуҷанд омодагиҳо барои бошукуҳ ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ идома дорад.

Арчаи 20-метра дар Хуҷанд

Шуруъ аз 5-уми декабр аллакай тантанаҳои солинавӣ ва насби арчаҳои солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Имсол ҳам чун ҳарсола арчаи солинавии шаҳри Хуҷанд бо як шукуҳу шаҳомат дар майдони асосии муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳрдори Хуҷанд ин арчаи солинавӣ қомат афрохтааст. Баландии арчаи солинавии имсола дар шаҳри Хуҷанд 20 метрро дар бар мегирад ва бараш 9 метр аст, ки он бо гулчанбарҳо, бозичаҳои солинавӣ ва чароғҳои равшан оро дода шудааст. Дар назар аст, ки ҳар шом дар ин майдон базми солинавӣ ва консертҳо баргузор гардад.

Арчаи солинавии Душанбе

Имрӯзҳо намои шаҳри Душанбе дигаргуна аст. Ҳамагон барои ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ омодагӣ мебинанд. Ҳама аз арчаи солинавии имсолаи пойтахт сухан мегӯянд. Ҳар сол чун анъана арчаи солинавии Душанбе дар маркази шаҳр, дар майдони Исмоили Сомонӣ қомат меафрохт. Соли гузашта арчаи солинавии пойтахт, ки дар маркази шаҳр қомат афрохта буд, 30 метр баландӣ дошту паҳноияш 6,5 метр буд. Вале имсол арчаи солинавии пойтахт дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт қомат афрохтааст. Арчаи солинавии имсола 31 метр дарозӣ дошта, 17 метр паҳнояш аст. Баҳри фароғат ва тамошои хуши сокинон арча дар майдони “Истиқлол” бо бозичаҳои гуногун оро дода шудааст. Воқеан, ин намои идонаи арчаи солинавӣ дигаргуна аст. Ҳама бо хушнудӣ саргарми тамошои намои идонаи “Истиқлол” ҳастанд. Арча бо чароғакҳои рангоранг оро дода шуда, воқеан афсонавӣ менамояд.

Воқеан, арчаҳои солинавии пойтахт намои дигаргуна доранд. Соли 2019 арчаи солинавии пойтахт бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороиш майдони Исмоили Сомонии пойтахтро зеб дода буд. Ин арча 29 метр дароозӣ дошт ва ба даҳгонаи беҳтарин арчаҳои солинавии ИДМ дохил гардида буд.

Дар майдони “Истиқлол” назди арчаҳои солинавӣ 20 хоначаи чӯбин қомат афрохтаанд. Арчаи солинавии имсола ягона рамзи соли нави имсола нест, балки хоначаҳои чӯбини ғайриоддӣ, ки дар майдони “Истиқлол” қомат афрохтаанд, намои онро дигаргун кардаанд. Аз ин хоначаҳо мардум ҳар гуна ороишот ва туҳфаҳои солинавӣ харидорӣ менамоянд. Бархеи дигар бошанд, шарбату ширинӣ ба даст меоранд.

Арчаи 18-метра дар Бохтар

Имсол дар шаҳри Бохтар низ чорабиниҳои тантанавии солинавӣ бомаром идома доранд. Дар шаҳри Бохтар — маркази вилояти Хатлон имсол арчаи солинавӣ бо баландии 18 метр ва паҳноии 7 метр қомат афрохтааст. Барои ороиши ин арчаи солинавӣ дар шаҳри Бохтар 40 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст. Дар атрофи арчаи солинавӣ, ки дар майдони Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар насб шудааст, хоначаҳои ғайриоддӣ ҷойгир шудаанд.

У. ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *