соли нав

Пурхӯрӣ дар Соли нав. Чӣ бояд кард, то “Ёрии таъҷилӣ” даъват накунем?

Бемориҳои хатарноки солинавӣ

Соли нав идест, ки хурду калон ба истиқболаш шодӣ мекунанд. Сари дастархони пурнозу неъмат худдорӣ кардан аз ғизоҳои болаззат амрест маҳол, хусусан барои нафароне, ки пайваста парҳезро риоя намуда, бемориҳои рӯда доранду ҷарроҳиеро аз сар гузаронидаанд.

Хатари аввал пурхӯрӣ аст, хусусан барои нафароне, ки бемориҳои музмин доранд. Тавре табибони терапевт ва ҷарроҳон қайд менамоянд, баъди ҷашнгирии идҳои солинавӣ шумораи нафарони гирифтори захми меъда ва бемории санги талхадон, инчунин нафароне, ки баъди парҳези дарозмуддат яку якбора хӯрокҳои равғанину серғизо истеъмол кардаанд, бештар ба  қайд гирифта мешавад. Хатари дигар заҳролудшавӣ (отравление) аст, зеро аксаран дар шаби Соли нав хӯришҳои гуногун омода менамоянд, ки бо сабаби тару тоза набудани баъзе маҳсулот ва истифодаи майонезу моҳӣ хатар эҷод мекунанд. Диққати бештарро ба хӯришҳои бозорӣ ва мағозагӣ равона кардан лозим аст, зеро маълум нест, ки маҳсулоти номбаршуда чанд муддат дар рафҳои мағозаҳо нигоҳ дошта шудаанд.

Кадом хӯрокро бояд хӯрд?

Беҳтараш хӯроки равғанину гӯштинро бо сабзавот истеъмол намоед. Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол мекунед, чой нанӯшед. Қоидаи тиллоиро фаромӯш насозед, бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан лозим нест, балки 40 дақиқа тоқат намоед. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани қоидаи мазкур ҳам хушқаду қомат мемонед, ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад. Агар диққат дода бошед, дар ошхонаҳои истироҳатгоҳҳо истаконҳои компот ё чойро мегузоранд, то ки мизоҷон аввал ташнагиро шикаста, баъдан хӯрок истеъмол намоянд. Дарҳол баъди хӯроки гарм ғизои сард хӯрдан мумкин нест, дар акси ҳол, кашиши рӯдаҳо ва ҳал нашудани хӯрок рух медиҳад.

Ҷисмро тоза кунед

Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Баъди ҷашни Соли нав ҷисмро тоза кунед: парҳез ё танҳо сабзавот истеъмол намоед, метавонед як шабонарӯз танҳо кефир истеъмол намуда, ҷисмро аз ифлосиҳо тоза кунед. Дар давоми 3-4 рӯз ҷисматон тозаву сатҳи холестерин паст мегардад. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лиму ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол меоред.

Машрубот ва заҳролудшавӣ аз он

Дар мадди аввал ба сифати нӯшокиҳое, ки истеъмол мекунед, диққат диҳед, зеро дар шаби Соли нав шумораи нафарони аз машрубот заҳролудшуда меафзояд. Беҳтараш нӯшокиҳои санҷидашударо аз мағозаҳои фирмавӣ харидорӣ намоед. Чун анъана дар шаби Соли нав шампон менӯшанд, вале агар дилатон намехоста бошад, барои нӯшиданаш худро маҷбур накунед. Муҳимаш, ҳар нӯшокиеро, ки интихоб мекунед, бо нӯшокии дигар омехта насозед. Шампон нӯшокии сабук менамояд, вале аз он ба зудӣ маст шудан мумкин аст, бар замми ин, дарди сар пайдо мешаваду ба меъда низ чандон фоида надорад. Хатои калон дар он аст, ки машрубот бо оби минералӣ нӯшида шавад. Беҳтар аст ба ҷои оби минералӣ оби муқаррариро истифода баред. Баъдан, фаромӯш насозед, ки аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ба ҷигар зарар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *