Сангвор

Туҳфаҳои солинавии ректори ДБССТ ба Сангвор расид

Аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, ташаббуси ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Асрорзода дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат сурат гирифтааст.

“Кӯмаки хайриявии раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар арафаи соли нави мелодии 2023 ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор субҳи имрӯз расонида шуд. Ин кӯмак аз маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, чойи хушк, намак, картошка, пиёз, сабзӣ ва ҳамзамон 4 адад гармкунак, 15 ҷуфт мизу курсӣ, 1 доскаи электронӣ, 1 видеопраэктор, 6 адад картреҷ иборат аст. Ҳамзамон, ба 106 нафар тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ тӯҳфаҳои солинавӣ расонида шуд”,-иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *