фифа

Доварони Тоҷикистон системаи VAR меомўзанд

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нахустин курси муқаддимавии таълимиро барои доварони Тоҷикистон баргузор кард, ки ҳадафаш ошноӣ бо шартҳои муқаддимавии кор бо системаи VAR мебошад.

Дар давоми панҷ рўз инструктори варзидаи ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Ўзбекистон барои доварони Тоҷикистон дар бораи сохтори бунёдии системаи мазкур ва принсипҳои истифодаи наворҳои такрорӣ дар бозиҳо як силсила лексияҳои онлайнӣ хонд. Бо ин курс раванди омўзиши пурраи доварони мо барои гирифтани иҷозатномаи VAR аз ФИФА оғоз шуд. Дар семинари онлайнӣ ду довар аз Қирғизистон — Вероника Бернатская ва Дайирбек Абдилдаев низ ширкат доранд.

Қобили зикр аст, ки аз соли оянда дар бозиҳои лигаи олии чемпионати Тоҷикистон системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои татбиқи системаи VAR дар кишвар аз панҷ марҳила яктоашро гузаштааст. Ҳоло марҳалаи дигар — тартиби тайёр кардани доварҳо ҷараён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *