Бохтар

Рӯнамоии китоби “Шукрона” дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон муаррифии китоби “Шукрона” бахшида ба 70-умин солгарди зодрӯзи собиқадори матбуоти тоҷик, котиби масъули нашрияи вилоятии “Хатлон” Саттор Қарахонов баргузор гардид.

Дар маросими мавриди назар масъулин, собиқадорони матбуот, намояндагони ВАО ва алоқамандони Саттор Қарахонов ширкат карданд.

Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки китоби “Шукрона” ба ифтихори 70-умин солгарди зодрӯзи журналист ва публитсисти саршиносу соҳибмактаб Саттор Қарахонов мураттаб гардидааст. “Дар маҷмӯаи мазкур намунаҳои очерку лавҳа, қиссаю ҳикояҳои муаллиф, ки давоми 45 соли фаъолият дар рӯзномаи “Хатлон” ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудаанд”,- афзуд вай.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, ки саҳми рӯзноманигори касбӣ, соҳибқалам, донандаи хуби арзу ниёзи мардум Саттор Қарахонов, ки имсол синни мубораки 70-ро пур карданд, дар рушди матбуоти миллӣ беҳисоб аст. “Саттор Қарахонов 45 соли ҳаёти худро, яъне аз рӯзҳои аввали таъсиси рӯзномаи «Хатлон», баҳри пурмазмуну хонданибоб гардидани он бахшидааст. Ба хонандагони доимии рӯзномаи “Хатлон” ва умуман, алоқамандони матбуоти даврии тоҷик муаррифӣ кардани Саттор Қарахонов эҳтиёҷ надорад, чун бо қалами ӯ, сабки ӯ, доманаи афкору шеваи ҷаззоби баёни ӯ аксаран ошноянд”,- афзуд ӯ.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зикр кард, ки «Саттор Қарахонов яке аз рӯзноманигорони пурмаҳсули Тоҷикистон буда, бо нигоштаҳои публитсистиаш суннату оинҳои миллӣ, ободониву бунёдкорӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, суботу осоиш, ваҳдату сулҳпарвариро тарғиб ва хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ, накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намудааст”.

Маҷмӯаи “Шукрона” ба гиромидошти заҳматҳои ин рӯзноманигори пуркор бо саҳми идораи рӯзномаи “Хатлон” бо теъдоди 300 нусха ба нашр расидааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *