Рӯнамоии китоби шарҳиҳолӣ дар бораи Шаҳрияи Аҳтамзод

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби «Шаҳрияи Аҳтамзод: маҷмӯи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» баргузор гардид.

Китоби мазкурро шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ зери тартиби Наргис Валиева, Зафар Ғолибов, Истампулод Ормонов, дар таҳрири Шариф Комилзода ва зери назари профессор Ҷумахон Файзализода бо теъдоди 100 нусха ва 124 саҳифа дар нашриёти “Меҳроҷ Граф” ба чоп расонидааст.

Ин маҷмӯа ба ифтихори 70-солагии зодрӯзи Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Шаҳрияи Аҳтамзод таҳия шуда, аз ду қисм иборат аст. Дар қисми аввал андешаҳои олимону адибон роҷеъ ба эҷодиёт ва фаъолияти пурсамар ва мусоҳибаи рӯзноманигор Одил Нозир бо ин шоираи ширинкалом ҷой гирифтааст.

Дар қисми дуюм китобномаи шарҳиҳолии Шаҳрияи Аҳтамзод, ки фарогири китобҳо, мусоҳибаҳо, маводҳои таҳриркардашуда, маводҳои чопӣ дар нашрияҳои даврӣ, мусоҳиба ва суҳбатҳои бо ӯ дар нашрияҳо нашргардида, инчунин, дар сомонаҳо ҷойдоштаи ин шоира гирд оварда шудааст.

Дар маросими рӯнамоӣ шоир ва нависанда Ато Мирхоҷа қайд намуд, ки «доштани чунин як маҷмӯаи шарҳиҳолӣ барои ҳар эҷодкору нависанда зарур аст ва хушбахтона, имрӯз кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ чунин кори муҳимро анҷом додан».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *