Манижа дар Душанбе. Аз ашки пеш аз консерт то таъсири суруди тоҷикӣ

Пас аз интизориҳои тӯлонӣ, бори нахуст сарояндаи маъруф Манижа, ки соли гузашта Русияро дар Eurovision муаррифӣ карда буд, дар зодгоҳаш Душанбе барномаи консертӣ баргузор намуд. Консерти сароянда “Шаҳри офтобӣ” ном дошта, санаи 24-уми ноябр дар “Кохи Суруш” баргузор гашт. Дар ҳошияи ин консерт суҳбати кӯтоҳе доштем бо Манижа.

Ман дигар танҳо наям…

Қабл аз консерташ Манижа дар Душанбе ҳиссиёти худро идора карда натавонист ва дар пушти саҳна гирист. Дар наворҳо дида мешавад, ки Манижа дар ҳузури навозандаҳо ва масъулони барномаи консертиаш ашк мерезад. “Ман худамро дошта наметавонам. Фикр намекардам, ки дар Ватан ҳунарнамоӣ кардан масъулияти дигар доштааст. Мисле ки бори аввал ба саҳна мебароям”,- мегӯяд Манижа.

Ҳамкоронаш ӯро ором мекунанд ва пардозгар ба ороиш мепардозад.

Консерти Манижа дар Душанбе хеле хотирмон буд, зеро сароянда бори аввал ба забони модариаш суруд хонд. Вақте ӯ суруди машҳури “Танҳо наям”-и Наргис Бандишоеваро бозхонӣ кард, толор ӯро хеле хуб пазироӣ намуд. Ва ин суруд гӯё паёми Манижа ба Ватанаш буд. “Ман дигар танҳо наям байни замину осмон…”

Шаҳри офтобӣ

— Манижа, аз сафари хеш ба Душанбе чӣ таассурот доред?

— Сафари навбатиам ба Душанбе пур аз эҳсос аст. Қаблан, ба ин ҷо барои саёҳату дидорбинӣ меомадам, вале ин дафъа ба ҳайси сароянда омадам ва дар зодгоҳам бори аввал консерт баргузор мекунам. Дигар ин ки, мардуми Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ, вақти ширкат дар “Евровидение” маро зиёд дастгирӣ карданд. Муҳаббати ҳар фарди Тоҷикистонро ҳамеша эҳсос мекунам ва ин бароям гуворо аст.

— Дар бораи консерти худ бигӯед.

— Ин идомаи силсилаконсертҳои ман аст, ки аз 1-уми сентябр оғоз шуд. Ин силсила Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро мегирад.

— Чаро консерти шумо дар Душанбе бо таъхир баргузор мешавад?

— Сабабашро қаблан ҳам гуфта будам. Дар Русия мобилизатсия — басиҷи низомӣ оғоз шуд ва аксари гуруҳи ман ҷавонони синни даъват ба артиш ҳастанд. Ҳолати номаълумӣ буд. Бинобар ин, мо консертро ба таъхир гузоштем.

— Гуруҳи шумо аз чанд нафар иборат аст?

— Аз 8-10 нафар. Инҳо навозандагон ва масъулони баргузории консерт ҳастанд.

— Мебинам, ки модаратон ҳам бо шумо ҳастанд?

— Бале. Дар сафари Дуашнбе модарам ва бародарам маро ҳамроҳӣ мекунанд.

— Душнаберо чӣ гуна дарёфтед?

— Чаро ман консертамро “Шаҳри офтобӣ” ном гузоштам? Зеро Душанбе барои ман Офтобро мемонад, ки ҳамеша гармӣ медиҳад. Ин ҷо зодгоҳи ман аст ва аз ин ҷо энержӣ мегирам. Душанбе бароям азиз аст.

— Дар наворе дидам, ки аллакай қурутоб ҳам хӯрдед?

— Бале ва на як бор. Дар Душанбе дар ин чанд рӯз фақат хӯрокҳои бомазза мехӯрем. Ош, қурутоб, самбӯса ва дигар таомҳои миллӣ. Воқеан, таомҳои бомаззаи тоҷикиро дида, худро дошта наметавонам. Бисёриҳо маро дида мегӯянд, ки ҳомиладор шудаӣ? Мегӯям, ки не, аз пурхӯрӣ фарбеҳ шудаам…

— Воқеан, дар ин авохир шавҳар кардед. Дар ин бора бигӯед?

— Бале, шавҳарам Ладо Кватания режиссёр аст. Ин як марҳилаи умр аст, ки ҳар як инсон онро бояд тай кунад…

— Дар консерт бо забони тоҷикӣ низ суруд иҷро кардед.

— Бале. Ман кӯшиш карда истодаам, ки забони модариамро хубтар омӯзам. Дар оянда ният дорам, ки бештар сурудҳои тоҷикӣ хонам.

— Қаблан эълон карда будед, ки қисме аз даромади консерти шумо ба хайрия сарф мешавад.

— Бале. Фонди SILSILA, ки ман онро таъсис додаам, ба инсонҳое кумак мекунад, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд. Ҳоло бештар ба муҳоҷирон кумак мекунем. Қадами навбатии мо ин аст, ки буклети маълумотдиҳӣ нашр кунем ва дар тайёраҳо ба муҳоҷирон тақсим намоем. Дар ин буклетҳо телефони боварии ташкилотҳои кумак ба муҳоҷирон навишта мешавад, то ки муҳоҷирон дар ҳолати дучор омадан ба мушкилот ба онҳо муроҷиат кунанд.

Манижа кист?

Манижа Сангин (Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ тарона мехонад. Ҳоло дар Маскав зиндагонӣ мекунад. Аввал бо тахаллуси «РуКола» ба саҳнаи ҳунар баромад, ҳоло бо номи худаш — Манижа (Manizha) ҳунарнамоӣ мекунад. Соли 2007 Манижа дар озмуни байналмилалии мусиқӣ дар кишварҳои ИДМ «Панҷ ситора. Интервидение» бомуваффақият иштирок намудааст. Соли 2021 бошад, дар озмуни Eurovision Русияро бо суруди Russian Woman муаррифӣ кард.

Манижа дар баробари сарояндагӣ ходими фаъоли ҷамъиятӣ мебошад. Яке аз муборизони хушунатҳои оилавӣ аст. Аз соли 2019 сафири бунёди “Ҳаёт эҳдо бикун” мебошад. Аз соли 2020 сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) аст.

Соли 2022 дар филми коргардон Ладо Кватания «Ҳукми қатл» (русӣ «Казнь») нақши модари Исоро офарид.  

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *