оила

Дар шумораи №8-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Янгаамро бахшида наметавонам”, “Орзуи бахти дуюмро накунед, духтарҳо!”, “Кош, шавҳарамро зан намедодам” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар ботинаш Гурдофаридро мепарварад” маводе ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ таҳия гардидааст, ки дар он ба саволҳои хабарнигори ҳафтанома бонувони хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ посух гуфтаанд.

Қиссаи “Касофати “марворидҳои сиёҳ”” сарнавишти мардест, ки ҳангоми сафари хидматияш дар хориҷа бо зани сабукпое муносибати маҳрамона карда, гирифтори бемории вирусӣ мегардад. Ҳаваси яклаҳзаинаи мард ӯро ба вартаи худкушӣ мерасонад ва тақдири завҷааш низ хеле ҳузнангез анҷом меёбад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои кӯтоҳи хонандагон дар мавзуи динӣ саволу ҷавобҳои кӯтоҳ дарҷ гардидааст. Дар қисмати дигари саҳифа таҳти рубрикаи “Хобномаи исломӣ” маводеро бо номи “Пул хоб бинӣ, бой мешавӣ ё бадбахт?” мутолиа намоед.

“Ҷоду дар лӯхтак” дар бораи ба доми ҷоду афтодани зане навишта шудааст, ки аз рашки зани якуми шавҳараш оқибат гирифтори бемории руҳӣ гашта, вафот мекунад.

Дар қиссаи “Домоди ҳиллагар” сарнавишти марде рӯи қалам оварда шудааст, ки бо талаби волидонаш бо духтари холааш оиладор мешавад, вале дар асл духтари дигареро дӯст медорад. Баъди он ки бо роҳи ҳиллаву фиреб дӯстдоштаашро пинҳонӣ ба занӣ мегирад, акнун аз қаҳру ғазаби падар ҳарос дорад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз консерти Валиҷон Азизов то “Дилак”-и Ёсуман Давлатова” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Агар шавҳари баномус медоштам” мусоҳибаи Сарвиноз Юсуфиро аз барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи солимӣ аз маводе бо номи “Гипотония: сабабҳо ва хатарҳои пастшавии фишори хун” дар боби он ки модари оянда дар мавриди ҳомиладории аввал чиро бояд донад, маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *