Ҷип

Сафорати ИМА ба Гвардияи миллии Тоҷикистон 4 ҷип тақдим кард

Сафорати ИМА дар Душанбе барои ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гвардияи миллӣ 4 адад ҷип ва қисмҳои эҳтиётӣ тақдим кардааст.

Бино ба иттилои Сафорат, “мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, ки 471,273 доллари ИМА арзиш доранд, қисми охирини бастаи мобилии 2,075,000 доллар мебошанд. Дар бастаи ниҳоӣ дар умум 14 мошин, қисмҳои эҳтиётӣ барои се сол, як устохонаи таъмири мошинҳо ва гузаронидани курсҳои омӯзишии хизматрасонӣ дохил мешавад. Ин мошинҳо ба Гвардияи миллӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити релефи ноҳамвори минтақаҳои наздисарҳадӣ амалиёт анҷом диҳанд”.

Гуфта мешавад, ки дар маросими супоридани мошинҳои патрулӣ Атташеи ҳарбии ИМА дар Тоҷикистон, полковник Бриттани Стюарт ва генерал-майор Ҷонибек Ализода — муовини якуми фармондеҳи Гвардияи миллӣ иштирок намудаанд.

Полковник Бриттани Стюарт зимни суханронӣ дар маросим қайд кардааст, ки ин кумаки башардӯстона танҳо як мисоли дастгириҳоест, ки ба Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳади давлатӣ мерасонанд. «Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадӣ миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии яроқи ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте ки якҷоя кор мекунем, мо қавитар ҳастем»,- гуфтааст ӯ.

Зикр мегардад, ки Иёлоти Муттаҳида 30 сол боз бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кумак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *