ВМКБ

Бо дастури Президент ба оилаҳои осебдидаи ВМКБ кумак тақсим карданд

Бар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумакҳо фиристода шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, кумакҳо иборат аз 25 номгӯ дар ҳаҷми 40 тонна буда, аз либоси зисмистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, бухориҳои чӯянӣ, катҳои хоб бо ҳама лавозимоташон иборат мебошад.

— Рӯзи 23-юми феврали соли равон дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони ВАО Комиссияи махсус созмондодашуда ба 66 хонаводаи зарардида аз офати табиӣ кумакҳо тақсим карда шуданд. Қайд карда шуд, ки ин ёриҳо аввалину охирин нестанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат ба хонаводаҳои осебдида ёриҳои дигарро низ ирсол хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз офатҳои табиии ахир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ зарар дидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *