Расулзода

Ҷаласаи Сарвазир дар Хоруғ пас аз тармафароӣ

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо як ҳайати ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ қарор доранд. Сарвазир дар ҷаласа бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ-ро баррасӣ кардааст.

Қоҳир Расулзода нахуст саломи Президенти кишварро ба аҳли толор ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони вилоят расонда, изҳори ҳамдардии хешро ба сокинони вилоят, ки ҳангоми рух додани офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд, баён намудааст.

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят и в помещении
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят и люди стоят

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, ӯ таъкид намудаст, ки ҳукумат намегузорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми рух додани ягон ҳодисаи нохуш худро танҳо ҳис намоянд.

«Сафари гурӯҳи корӣ, ки таҳти роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилоят анҷом дода мешавад, нишонаи ғамхории ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони он мебошад», — изҳор доштаст дафтари матбуоти вилоят.

Сарвазир ба роҳбарони вазорату кумитаҳо ва роҳбарияти вилоят супориш додаст, ки ҳарчи зудтар зарардидагонро бо хонаҳои истиқоматӣ ва ашёи рӯзгор таъмин намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *