тарма

Бартарафсозии паёмадҳои тарма дар роҳи Рӯшон — Бартанг

20-уми феврали соли 2023 дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шуданд. Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва дигар харобӣ надоштаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, 20-уми феврали соли 2023 соати 10:20 дар километри 20-уми роҳи мошингарди Хоруғ — Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаи Пишпарин мегузарад, бар асари резиши санг роҳ муваққатан баста шудааст. Барои бартараф кардани паёмадҳои он кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва техникаи махсус ҷалб карда шуда, соати 13:15 дақиқа роҳ пурра тоза карда шуда, ба ҳаракати мошинҳо ба ду самт иҷозат дода шудааст. 

Соати 15:40 дар километри 549 роҳи мошингарди Душанбе-Рӯшон-Хоруғ дар қаламрави деҳаи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон лағзиши тарма ба қайд гирифта шуда, ин сабаби баста шудани роҳ гардидааст. Бо талоши кормандони хадамоти роҳ соати 16:20 дақиқа паёмадҳои тарма бартараф ва роҳ барои ҳаркати мошинҳо боз шудааст.

Соати 16:40 дар ҳудуди роҳи мошингарди Хоруғ — Роштқалъа, ки аз ҳудуди деҳаи Шикуши ноҳияи Роштақалъа мегузарад, дар натиҷаи омадани ду сели азим роҳ муддате баста шудааст. Бо ёрии техникаи махсус роҳ аз селовардаҳо пок шуда, ҳаракати мошинҳо имконпазир гардидааст.

Инчунин, 20-уми феврали соли 2023 тахминан соати 08:50 дақиқа дар километри 67-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма омада, дар натиҷа роҳ баста шудааст. Бо ёрии техникаи хадамоти роҳи ширкати IRS роҳ аз ғарами барф тоза карда шуда, соати 12:30 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз субҳи имрӯз, 21-уми феврал ҳамаи роҳҳои мошингарди кишвар ғайр аз роҳи Рӯшон — Бартанг боз мебошанд. Дар роҳи Рӯшон — Бартанг паёмадҳои тарма бартараф карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *