Дар Шветсия боз Қуръонро месӯзонанд?
Пулиси Шветсия се дархости нав барои сӯзонидани китобҳои динӣ гирифтааст.
Як зани 50-сола хоҳиш кардааст, ки ҳарчи зудтар дар назди масҷиди Стокҳолм Қуръонро “сӯзонад”. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки эътирозҳои саросарии мусалмонон алайҳи Шветсия ноодилона аст.
Аризаи дуюмро марди 30-сола гузоштааст. Вай рӯзи 15-уми июл дар назди сафорати Исроил гирдиҳамоӣ барои сӯзонидани Таврот ва Инҷилро хоста, онро «ҳамоиши рамзӣ ба номи озодии баён» хондааст.
Муаллифи аризаи сеюм рӯзи 12-уми июл дар маркази Ҳелсингборг сӯзонидани матнҳои мазҳабиро дархост кардааст. Дар бораи кадом матнҳо сухан меравад, гуфта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ