Дар соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфт
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 411 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки ин рақам нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 26 дарсад бештар будааст.
Бахши аслии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд. Коршиносон далели ин амрро ба беҳбуди вазъияти иқтисодӣ дар ин кишвар ва ислоҳи қавонини Русия дар мавриди ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон марбут хондаанд.
Ҳамзамон, бино ба гузориши “Мониторинг ва огоҳсозии қаблӣ дар Тоҷикистон”-и Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2019 беш аз 280 ҳазор нафар аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 10 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли 2019 муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан ба миқдори 1 миллиарду 111 миллион доллари амрикоӣ маблағ фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 дарсад камтар будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ