Дар таътили тирамоҳӣ танҳо хонандагон истироҳат мекунанд
Аз 1 то 10-уми ноябри соли равон хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст мегардад ва сипас хонандагон ба таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд.
Гуфта мешавад, ки таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дорад. Омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, ва чорабиниҳои таълимӣ машғул мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ