Амонатбонк

Амонатбонк: Шумораи пасандозгузорон аз 2 миллион ҳам гузашт

Дар 9 моҳи соли равон Амонатбонк дар ҳаҷми 93,8 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овардааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6% зиёд мебошад. Дар натиҷаи эътимоди аҳолӣ ба Амонатбонк, шумораи пасандозгузорон дар ин бонк ба зиёда аз 2 млн. нафар расидааст.

Дар ин бора зимни ҷаласа масъулини КВД БА ҶТ “Амонатбонк” оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2023 изҳор намуданд.

Ҳамчунин, Амонатбонк  дар 9 моҳи соли равон дар маҷмуъ 63,8 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,1% зиёд мебошад.

Дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст. Бонк ба ҳолати 30 сентябри соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 42 ҳазор муштарӣ 1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 21,3% ва шумораи қарзгирон 11,9% зиёд гардид.  

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дастгирии занони соҳибкори кишвар, Бонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2023», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва «Таҳсил-2023» роҳандозӣ намудааст.

Дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, Амонатбонк қарзҳои ипотекиро низ ҷорӣ намудааст.

Дар натиҷаи эътимоди аҳолӣ ба Амонатбонк, шумораи пасандозгузорон дар ин бонк ба зиёда аз 2 млн. нафар расидааст.

Дар хотимаи ҷаласа раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ қайд намудааст, ки Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ намуда, дар самти пешниҳоди хизматрасонҳои бонкӣ ба аҳолии кишвар саҳмгузор мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *