Дар Тоҷикистон ҳаво то 48 дараҷа гарм мешавад
Ҳавои Тоҷикистон то 48 дараҷа тафсон хоҳад шуд, хабар медиҳад Агентии ҳавошиносӣ
Аз 7 то 9 июл ба ҷумҳурӣ аз минтақаҳои ҷанубу ғарб ҳавои хушку гарм ворид мешавад, ки дамои ҳаворо якбора тафсон мегардонад.
Дар ин муддат гармии ҳаво дар минтақаҳои водибуда, то 39+40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои ҷанубӣ ҳаво аз 45 то 48 дараҷа тафсон мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад 32+37 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, аз 7 то 10 июл бинобар гармии шадид эҳтимол дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ селҳои пиряхӣ фароянд.
Чунин вазъ дар қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пешгӯӣ мешавад.
Агентӣ аз баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон ҳушдор медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ