Тими духтарони навраси Тоҷикистон бар дастаи Афғонистон пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон – “U-17” таҳти роҳбарии сармураббӣ Изатулло Исҳоқов аввалин пирӯзиро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, ба даст овард.

Дар даври дуюми чемпионати CAFA-2021 дастаи духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати дастаи ҷумҳурӣ хет-трикро Рухшона Файзуллоева анҷом дод. Як голи дигарро Ҷонона Назарова ба самар расонд.

Голи панҷумро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Муниса Гулова аз зарбаи ҷаримавӣ вориди дарвозаи ҳариф кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *