Дар Тоҷикистон барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ конфронс доир шуд

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҳти унвони  «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All) конфронс баргузор шуд. Ин ташаббус аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш пешниҳод шудааст.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвами зимни ифтитоҳи ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» дар ҳузури журналистон иброз дошт, ки «барои таҳким ва нигоҳ доштани хадамоти огоҳсозии бармаҳал дар мамлакат равиши ҳамгирошудаи иҷтимоӣ бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муҳим хоҳад буд».

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвами (суратгир Дидор Саъдуллоев)

Дар қисмати дуюми конфронс роҳбарону  намояндагони як қатор вазорату идораҳои кишвар, ниҳодҳои СММ ва дигар ташкилоту  созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ  иштирок намуданд.

Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат дар ҷаласа аҳамияти ин ташаббусро таъкид намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳамияти хосса медиҳад. Зимнан, даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаҳои марбут ба рушди иқлим дастгирӣ менамояд.

Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвами

Дар ҷаласа шарҳи тағйирёбии иқлим, вазъи пайдоиши хатари офатҳои табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот пешниҳод гардид.

Инчунин, дар бораи Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Ташаббуси коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, идоракунии хатари иқлим дар Осиёи Марказӣ маълумот ироа гардид.

Ёдовар мешавем, ки ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» соли 2022 аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оғоз шудааст. Тақрибан сеяки аҳолии ҷаҳон то ҳол бо низоми огоҳкунии пешакӣ фаро гирифта нашудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *