Дар Тоҷикистон боз 1,4 миллион ҷойи нави кор ташкил мешавад
Аз замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 4,1 миллион ҷойи кор дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт таъсис ва барқарор гардидааст.
Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумон рӯзи 28 декабр изҳор дошт.
Сарвари давлат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғлро, ки ба танзими самараноки бозори меҳнат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ имкон медиҳад, таъкид намуд.
«Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар аст ва бояд дар маркази таваҷҷӯҳи сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор гирад»,-гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба ин, Президент ба ҳукумат, вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятии маҳаллӣ супориш дод, ки дар тӯли панҷ соли оянда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт беш аз 1,4 миллион ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Ин тадбирҳо ба таҳкими иқтидори меҳнатии кишвар, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ равона карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ