Дар Тоҷикистон чанд интихобкунанда ҳаст?

Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон эълом кард, ки номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бояд то рӯзи 15 сентябри 2020 дар ин ниҳод сабтином шаванд.

Ин комиссия бо эъломи тасвиби баргузории интихоботи президенти Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри имсол аз довталабони номзад шудан дар ин давр аз интихобот хост, ки бо ҷамъоварии имзои ҷонибдорони хеш мадракҳои лозимро барои сабтином ба ин ниҳод ироа кунанд. Пас аз сабтином дар Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, номзадҳо дар муддати 25 рӯз метавонанд ба таблиғи барномаҳои хеш пардозанд.

Теъдоди овоздиҳандагони соҳиби ҳуқуқи овоздиҳӣ рӯзи 11 октябри имсоли Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар эълом шудааст.Натиҷаҳои аввалияи шумориши овозҳо як рӯз пас аз баргузории интихобот ва натиҷаҳои ниҳоии он рӯзи 21 октябр соли ҷорӣ эълом хоҳад шуд. То ба ҳол танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Рустам Латифзода, раиси ин ҳизб ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории ин кишварро ба унвони номзад муаррифӣ кардааст ва бақияи ҳизбҳои сиёсӣ мунтазири баргузории конгираҳои ҳизбӣ мебошанд.

Бар асоси қарори Маҷлисҳои миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шашумин интихоботи президентии кишвар зудтар аз замони интихоботи қаблӣ, ки якшанбе аввали моҳи ноябр буд, рӯзи 11 октябр баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *