Дар Тоҷикистон доктору номзадҳои илм чанд нафаранд?

Айни замон дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд.

Танҳо дар шуроҳои диссертатсионии Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 45 нафар, аз ҷумла 5 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз миёни кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 865 нафараш ё худ беш аз 16%-ро докторҳои илм ташкил медиҳанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳисоб кардааст, ки дар миёни докторҳои илм 131 нафарашон ва ё зиёд аз 15% занон мебошанд.

Ҳамчунин, 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *