Дастовардҳо хубанд, вале директор унвон надорад

Дар давоми 34 соли мавҷудияташ, Коллеҷи санъати шаҳри Кўлобро садҳо нафар мутахассисон хатм карда, дар минтақаю ҷумҳурӣ фаъолият карда истодаанд. Бо дастгирию заҳмати 40 нафар устодон имсол 70 нафари дигар коллеҷро ба итмом расониданд.

Иштироки шогирдон ва омўзгорон дар озмунҳои маъмулу машҳури ҷумҳуриявӣ назаррас аст. Масалан, 17 нафари онҳо ба даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳ ёфтанд.

Сухани дигар он ки, директори коллеҷи мазкур Шариф Бедаков 40 сол боз дар ҷодаи санъат фаъолияти густурда дошта, даҳҳо шогирдонро касб омўзонида ва беш аз 500 оҳанг офаридааст. Аммо ин хизматҳо бо унвони шоистаи касбӣ қадрдонӣ нагардидааст.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *