Дар Тоҷикистон эмкунии кӯдакон ба зидди бемориҳои сироятӣ оғоз шуд

Дар Тоҷикистон эмкунии кӯдакон ба зидди сирояти пневмококк оғоз шудааст.  Ҳадаф аз ин чорабинӣ устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти ин беморӣ ва пешгирии дигар бемориҳо мебошад.

Сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, барои гузаронидани ин чорабинии солимгардонӣ тамоми омодагиҳо гирифта шудааст.

“Беш аз як миллион воя ваксинаи “Синфлориос” аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ дастрас шудааст. Тамоми муассисаҳои вазорат низ барои гузаронидани чорабинӣ омодагӣ гирифтаанд”,- афзуд номбурда.

Иммунизатсияи оммавӣ  20 ноябр оғоз шуда, тибқи нақша даҳ рӯз давом мекунад. Аммо ба хотири пурра фаро гирифтан барои онҳое, ки бемор буданд ва ё фаромӯш карданд, як ҳафтаи дигар ҷудо карда мешавад.

Дар нақша аст, ки беш аз 830 ҳазор кӯдаки Тоҷикистон бар зидди сирояти пневмококк ба эмкунӣ фаро гирифта шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *