“Афзали Суғд” 25 – сола шуд. Раиси вилоят барои шодбошӣ омад (аксҳо)

​ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул аст,  25 –сола шуд. Имрӯз, 21 –уми ноябр расиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар ин​ корхона шинос шуд.

Раиси вилоят аснои боздид роҳбарият ва кормандони​ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”-ро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ширкат табрик гуфт.

 Қайд намудааст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи саноат рушд карда, сатҳи зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд беҳтар гардида истодааст.

“Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт”,- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.​

Гуфта мешавад, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул мебошад ва бо ​ тамғаи «Молочная радость» ба бозор роҳ ёфтааст.  Имрӯз корхона зиёда аз 25 намуди маҳсулоти ширии баландсифат, ба монанди ҷурғот, йогуртҳои гуногун,​ панири ҳоландӣ, равғани маска, творог, хамираи творог, ширқиём, қаймоқ ​ истеҳсол мекунад ва маҳсулоти корхона дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя савдо мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *