Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба ВНМО кам шудааст

“Дар 4 мамлакати узви СММ сатҳи ВНМО кам шудааст, ки яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст. 27 млн нафар дар ҷаҳон аз ВНМО табобат мегиранд. Ҳар сол 1-1,5 млн нафар дар дунё бо бемории ВНМО ба қайд гирифта мешаванд. 75-80%-и гирифторӣ ба ВНМО аз ҳисоби нашъмандони тазриқӣ ҳастанд. Мушкили асосии ВНМО — ин нодуруст фаҳмидани мардум аст, ки роҳи гузаришро танҳо аз алоқаи ҷинсӣ мефаҳманд. Шояд 10-солаҳо ин вирус дар организми инсон мегардад, инсон худаш намефаҳмад ва сари вақт ба духтур муроҷиат намекунад”.

Инҳо чанд далел ва оморе буданд, ки дар семинари омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” аз ҷониби маъулон ва тренерон баён гардиданд.

Ҳадафи асосии семинар ҷалби ВАО ба масъалаҳои марбут ба ВНМО, таъсири маводи журналист ба масъалаҳои тандурустӣ, хоса ВНМО буд.

Яке аз мушкилоти асосӣ, ки дар тренинг зикр шуд, бемориро нодуруст фаҳмидани бисёре аз шаҳрвандон, то ҳол вуҷуд доштани табъиз, бемориро пинҳон доштани худи бемор (барои гапи мардум) ва ба ин монанд саволҳои умда дар семинар ва ҳам зеҳни мардум мушкилоте, ки дарёфт ва табобатро мушкилтар мекунад.

Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дигар сабаби аз табобат дурӣ ҷустан ё вирусро пинҳон кардани шахси бемор ин ҳукмҳои судӣ мебошад, ки дар ҳолати дигаронро таҳти хавфи сироят гузоштан бо моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дидаву дониста таҳти хавфи сироят қарор додани одами дигар) бо ҳукми суд маҳкум мешаванд. Боз даҳҳо сабабҳое ҳастанд, ки мо атрофиён сабаби афзоиши беморӣ мешавем. Бо нигоҳҳои нодуруст, имову ишора, худро канор гирифтанҳо ба руҳияи бе ин ҳам осебпазири бемори гирифтори ВНМО таъсири манфии худро мегузорем.

Ба гуфти масъулини тандурустии вилояти Суғд, бо истифодаи клиникаи мобилӣ байни муҳоҷирони меҳнат, аъзои оилаи онҳо ва занҳои қобили таваллуд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола “Корвони саломатӣ” гузаронида мешавад. Бо гузаронидани “Корвони саломатӣ” шаҳрвандони зиёд бо усули тести оҷилӣ 3000 нафар ихтиёриён аз ташхиси дарёфти сирояти ВНМО ва пешгирии афзоишёбии сирояти он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Гузаронидани ин гуна дарёфти бемориро осон карда, онҳо ба табобат ҷалб ва хавфи сироятро кам мекунад.

Гирифтотрӣ ба ВНМО нисбати соли гузашта 158 нафар кам шудааст

Бино ба маълумоти масъулини Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, ки ба хабаргузории АМИТ “Ховар” додаанд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 732 нафар гирифтори Вируси норасоии масунияти одам ошкор гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 158 нафар кам мебошад. Рустам Нуров, директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ба хабаргузории АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки ин беморӣ давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст. Номбурда қайд кардааст, ки аз соли 1991 то ин ҷониб дар кишвар 13 ҳазору 802 нафар шахсони сироятёфта ба ВНМО ба қайд гирифта шуда, аз инҳо 3 ҳазору 855 нафарашон фавтида, 9 ҳазору 947 нафар шахсони бо вирус зиндагикунанда дар қайди оморӣ қарор доранд.

Айни ҳол 87%-и беморони ВНМО комилан безараранд

Ҳамасола 1-уми декабр “Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам ВНМО дар ҷаҳон” таҷлил карда мешавад. Бемории мазкур тавассути хун, алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамизнашуда, инчунин аз модари сироятёфта ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбоби тиббии тамизнашуда ва ширмаконӣ сироят мекунад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ВНМО ба воситаи оби даҳон, салом кардан, ба оғӯш гирифтан, сулфа, атсазанӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад. Дар ҳоли ҳозир 87 фисади нафарони бо ин вирус зиндагидошта комилан безарар буда, наметавонанд вирусро ба дигарон интиқол диҳанд.

Чуноне ки мегӯянд, “хубӣ карда наметавонӣ, бадӣ ҳам макун”. Мо инсонҳо, хоса атрофиёни ашхоси олудаи ВНМО-ро мебояд ҳадди ақал рисолати инсонии худро ба ҷо оварда, ба бемороне, ки баъзеяшон ҳатто аз ҳёту зиндагӣ дилсарданд, умедашонро аз ояндаи равшан кандаанд, дилгармӣ бахшем. Шахсоне, ки онҳо низ мисли ману шумо қодиранд зиндагии шоиста дошта бошанд, табобат ёфта, фарзандони солим ба дунё оранд, умри дароз бинанд ва шахси фаъолу даркорӣ ба  ҷамъият гарданд. Танҳо як сухан, як нигоҳи нарм ва ё як матлаби созанда метавонад як нафари беморро ба табабати ихтиёриву саривақтӣ водор кунаду ояндаи торикашро равшанӣ бахшад.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *