Хатлон: Нақша иҷро шуд, вале як шаҳру ду ноҳия иҷроишро таъмин накарданд (аудио)

Дар нуҳ моҳи соли равон аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мутаассифона, ноҳияи Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Норак иҷроиши нақшаи андозро пурра таъмин карда натавонистанд. Аз ин сабаб ба буҷет андаке бештар аз 14 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

Сангин Саидзода, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки бо вуҷуди иҷро нашудани нақшаи андоз дар як шаҳру ду ноҳия, ба буҷет 36 миллиону 300 ҳазор сомонӣ барзиёд маблағ ворид шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ноҳияи Панҷ 97 дарсад, Абдураҳмони Ҷомӣ 96,5 фоиз ва шаҳри Норак бошад, зиёда аз 84 дарсад нақшаро иҷро кардаанду халос.

“Дар маҷмуъ, нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон 102,3 дарсад таъмин шудааст. Шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва ноҳияи Носири Хусрав аз 108 то 134 дарсад нақшаро иҷро кардаанд”,- гуфт ӯ.

Сангин Саидзода афзуд, ки давоми сол нақшаи андоз аз арзиши иловашуда наздики 97 дарсад иҷро шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет бештар аз 9 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *