ДМТ дар рейтинги байналмилалӣ мақоми 4-умро гирифт

ДМТ дар рейтинги байналмилалии «Райтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро ишғол намудааст.

Ҳамин тариқ, ин муассисаи олӣ  бо ҷоизаи бонуфузи «Эътироф дар сартосари ҷаҳонӣ»-и рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии «Рейтинги Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)»-2022 сарфароз гардид.

Гуфта мешавад, ки дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот натиҷаҳои Рейтинги байналмилалии  Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR)»-2022 (IAAR Eurasian University Ranking (IAAR — EUR)-2022) ҷамъбаст гардидааст.

Рейтингро Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) анҷом дода, аз рӯи натиҷаҳои таҳлилшудаи коршиносон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Рейтинги байналмилалии  Донишгоҳи АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) — 2022» мақоми 4-умро гирифт.

Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз кишварҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи умумиҷаҳонии таълими тиббии WFME/WFME гирифтааст.
Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) аккредитатсияи байналмилалии  махсусгардонидашуда (барномавӣ) буда, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Агентӣ аз ҷумла дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Русия, Руминия, Узбекистон санҷишҳои байналмилалиро анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин муассисаи олӣ  дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар саҳми назаррас дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *