Дар Тоҷикистон кишти пиёз аз нақша зиёд мешавад
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар пайи болоравии нархи пиёз аз кишти барзиёди он хабар дод.
Гуфта мешавад, ки имсол тибқи нақша дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз гузаронида мешавад.
“Соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии Тоҷикистон тибқи дурнамо дар майдони 17 156 гектар кишти пиёз гузаронида мешавад, ки аз он 11 261 гектарро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад”,- иттилоъ додааст. Вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои вазорат, соли сипаригардида 672 190 тонна пиёз истеҳсол ё ҷамъоварӣ карда шудааст. Инчунин, соли 2022 ба миқдори 66,6 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли равон нархи 1 кг пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон аз марзи 10 сомонӣ гузашт ва боиси нигаронии харидорон гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ