Дар Тоҷикистон масҷидҳо боз мешаванд

Масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи Тоҷикистон дарҳои худро ба руи намозгузорон аз 1 феврали соли равон боз мекунанд.

Тавре Pressa.tj огоҳӣ пайдо кард, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус ба сохторҳои дахлдор супориш додааст,ки барои боз намудани масҷидҳои кишвар омодагӣ бинанд. Мувофиқи супориши ин ниҳод, агар ягон ҳолати изтирории дигар пайдо нашавад, яъне паҳншавии бемории хатарнок рӯ ба афзоиш наорад, масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи Тоҷикистон дарҳои худро ба руи намозгузорон аз 1 феврали соли равон боз мекунанд.
Қаблан низ пас аз оғози паҳншавии ин беморӣ як маротиба масҷидҳоро баста буданд ва баъдан барои чанд рӯз боз шуданду аммо ин кор дер напоид. Дар бораи боз шудани масҷидҳо як манбаъ аз Кумитаи дин хабар дода, таъкид намуд,ки онҳо супоришро дар ин маврид дарёфт кардаанд ва аз паи иҷрои он мебошанд. Ин хабарро манбаи дигар аз Шурои уламо низ тасдиқ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *