КҲФ пиразанро дар хонааш мурда ёфт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон як  пиразанро дар манзили зисташ дар ҳолати марг дарёфт карданд.

“Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бегоҳии 19 январ навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки чанд рӯз аст пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон намебинанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекунад. Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз карданд ва ҳамроҳ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохили хона шуданд”,-иттилоъ доданд  аз Кумитаи мазкур.

 Маълум гардидааст, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст.  Ба гуфтаи ҳамсоягонаш, ки пиразан муддатҳост бемору танҳо буд.  Ҷасади ӯро  ба мақомоти дахлдор барои гӯручӯб супурданд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *