Дар Тоҷикистон мусобиқаи роҳгардии скандинавӣ доир мешавад
Нимаи сеюми моҳи декабри соли равон дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз намуди «Роҳгардии скандинавӣ» баргузор мегардад.
Вобаста ба баргузории ин мусобиқаи варзишӣ 10 декабр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Дар ин бора аз Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон хабар доданд.
“Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинии варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди сайёҳии варзишӣ мебошад”-иттилоъ дод манбаъ.
Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намояд.
Гуфта мешавад, ки роҳгардии скандинавӣ як намуди сайругашт аст, ки дар он аз таҷҳизоти махсус (чӯбҳо) истифода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ