Дар Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат зиёд шудааст
Музди миёнаи меҳнати сокинони кишвар дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ ба 1730 сомонӣ баробар будааст, ки нисбат ба соли гузашта 204 сомонӣ ё 13,4 фоиз зиёд шудааст.
Ин рақам дар ҳисоботи солонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки имрӯз, 12-уми феврал нишасти матбуотӣ доир намуд, дарҷ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки нархи ҳама намуди маҳсулот, бахусус маҳсулоти ниёзи аввалия хело гарон шудааст.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта, соли 2022 ба 22,5 фоиз баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол, сокинони мамлакат аз паст будани маош ва қиммат будани маҳсулот дар бозорҳои кишвар нигаронӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ