Украина война

Тоҷикони зиндонӣ бо хоҳиши худ ба ҷанги Украина рафтаанд?

Дар мавзуи ба ҷанги Украина рафтани шаҳрвандон низ имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сухан гуфта шуд.

Дар хусуси он, ки барои чӣ тоҷикони зиндонӣ ба ҷанги Русия зидди Украина бурда шудаанд, Аҳмадзода Шуҳрат — сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия чунин гуфт: “Шаҳрвандоне, ки аз зиндонҳо ба ҷанги Украина сафарбар карда шудаанд, тибқи қонунгузории Русия розигии шахсии худро дода, ҳамон ҷо сафарбар гардидаанд ва тавассути намояндагии мо ягон муроҷиати расмӣ вуҷуд надорад”.

Аҳмадзода гуфт, ки “теъдоди зиндониёи тоҷик дар Русия дар мо нест, ин омор дар Вазорати корҳои дохилӣ мешавад. Мо расман ба ин рақамҳо корбарӣ надорем”.

Бояд гуфт, ки аз оғози амалиёти низомии Русия зидди Украина то ҳол хабари марги чанд тан тоҷикистоние, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг рафта буданду ҳалок шуданд, расонаӣ ва ҷасади онҳо ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *