Дар Тоҷикистон озмуни «Оинаи таърих» баргузор мегардад

Моҳҳои апрел — майи соли равон дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор карда мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани нақши осорхонаҳо дар густариши маънавиёти ҷомеа, ободонӣ ва ба макони ҳақиқии истироҳати шаҳрвандон табдил додани онҳо, дар асоси банди 17-и Нақша чорабиниҳои амалисозии “Барномаҳои давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025”(қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №115) ва банди 10-и Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Талабот ва шартҳои озмун чунин мебошад:

— Муайян намудани сатҳу сифати тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

— Санҷиши вазъи осорхона, сатҳи хизматрасонӣ ба тамошобинон, теъдоду сифати чорабиниҳо, шумораи ташрифоварӣ ба осорхона, теъдоди намоишҳои сайёр, экскурсияҳо бо забонҳои гуногун, вохӯриҳо бо ходимони илму фарҳанг;

— Саҳми роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки осорхонаҳо, ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорон барои ободонии осорхонаҳо, мавҷудияти банди махсус дар буҷети маҳаллӣ ҷиҳати харидории ашёи осорхонавӣ ва обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо;

— Вазъи фаъолияти илмӣ — таҳқиқотии осорхона, ҷадвали Феҳристи давлатии фонди осорхона ва нашрҳои чопии он (нашрҳои маълумотдиҳанда, библиографӣ, рӯйхати тавсиявӣ ва ғайра);

— Вазъи ҳуҷҷатнигорӣ дар осорхона, мавҷудияти китоби воридотӣ, картотека, акс ва тавсифи илмии ашёҳо, шиносномаи илмии онҳо;

— Сатҳи ҷамъоварии осори таърихию фарҳангӣ, ҳолати ҳифзу нигоҳдошти ашёҳо, сифати тарғиботи айёнии фонд (намоиши ашёи осорхонавӣ, лавҳаҳо, эълонҳо, фонди кушод), мавҷудияти шиору овезаҳои тарғиботӣ;

— Таъминоти осорхона бо кадрҳои баландихтисос, вазъи такмили ихтисоси кормандон;

— Вазъи ободонии осорхона, таъмири бино, ороиши бадеӣ ва экспозитсияҳо бо назардошти пайдарҳамии мантиқию таърихӣ, сатҳи таҳияи матнҳои тавзеҳотӣ, мавҷудияти мебелҳои замонавӣ, рафҳои ашёмонӣ, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ, зидди сӯхтор, кабудизоркунии гирду атрофи бино;

— Таҳлили асноди коргузории осорхона (оиннома, дастурамалҳои вазифавии кормандон, сертификати истифодабарии замин, шиносномаи техникӣ, нақшаҳои корӣ ва чорабиниҳо, сенарияи чорабиниҳо, ҷадвали фаъолияти мунтазами маҳфилҳо);

— Донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ аз ҷониби кормандон;

— Тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ бо осорхонаҳои ватаниву хориҷӣ;

— Тарғиб ва ташвиқи осори таърихӣ ва дастовардҳои осорхона тавассути ВАО;

— Гузаронидани корҳои оммавӣ — маърифатӣ ва машваратӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Гуфта мешавад, ки озмун аз рӯйи бахшҳои «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» дар се давр баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *