Бори аввал сарвазири Шотландия мусулмон интихоб шуд

Муҳоҷири 37-солаи покистонӣ Ҳамза Юсуф раҳбари нави Ҳизби миллии Шотландия интихоб шуд.

Бо соҳиб шудани ин мақом, Ҳамза Юсуф ба таври автоматӣ мақоми вазири аввали Шотландияро ба уҳда хоҳад гирифт. Ӯ аввалин намояндаи миллати ғайрибумӣ ва аввалин мусулмон дар ин мақом, ки 24 сол пеш таъсис ёфтааст, хоҳад буд.

Парлумони Шотландия Никола Стурҷенро пас аз суханронии охиринаш ба ҳайси сарвазир, ки аз соли 2014 инҷониб дар ин вазифа буд, гусел кард.

Ҳизби миллӣ тарафдори ҷудо кардани Шотландия аз Британияи Кабир аст.

Сарвазири Британия Риши Сунак аст, ки волидайнаш аз Ҳиндустон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *