толеънома

Толеъномаи 30-юми марти соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо тамоми корҳои пурмасъулият шахсан худатон машғул шавед. Ба умеди ҳамкорон нашавед, натиҷаи кори эшон табъи дилатон намегардад. Ҳамзамон, нисбати нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, бодиққат бошед, баъзеҳо шуморо ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурдан мехоҳанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи душвор аст, хафагиву ранҷиш бо сабабҳои ночиз сар мезананд. Кӯшиш намоед, ки муносибати худро бо бонувоне, ки ба ҳарфи шумо ва нуқтаи назаратон гӯш намедиҳанд, вайрон насозед. Бо сабаби зиёд будани кор хастагии зиёдро ҳис мекунед, вале қариби бегоҳ саломатиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Агар имкон бошад, корҳои муҳимтарини худро ба таъхир гузоред, дар ин рӯз бо кори сабук машғул шавед ё умуман рӯзи истироҳат эълон кунед. Муҳити худро дигар карда, асабатонро ором мекунед. Хариди калон карданро тавсия намедиҳем, вале молу ашёи арзонро харидорӣ кардан мумкин аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо атрофиён бештар дар робита бошед, дар мавзуҳои гуногун нуқтаи назари худро баён намоед. Шумо қобилияти хеле хуби бо одамон забон ёфтану пайдо намудани ҳамақидаҳоро доред. Мушкиле, ки вақтҳои охир шуморо азият медиҳад, ба осонӣ бартараф мегардад. Сафарҳои кӯтоҳи ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд.

Асад (23 июл-23 август)

Ба атрофиён имкон надиҳед, ки ба нақшаҳои шумо дахолат намоянд. Оромиро нигоҳ дошта, бо қатъият шартҳои худро ҷорӣ намоед. Занҳо ба шумо фишор оварда, имкониятҳоятонро маҳдуд кардан мехоҳанд. Боодобӣ ва маърифати баланд шуморо аз муноқишаҳо эмин нигоҳ медорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз ҳад зиёд фаъолнокӣ нишон надиҳед, беҳтараш истироҳат кунед. Корҳои якрангу дилбазан ба дилатон мезананд, аз ин рӯ, беҳтараш бо коре машғул шавед, ки боиси болидаруҳиятон гардад. Мушкилоти вобаста ба рӯзгор ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвору аз ҷиҳати равонӣ номусоид аст. Бо ҳамкорону наздикон забон ёфтанатон душвор мешавад, ҳама гуна қарори шумо боиси шубҳа мегардад. Ба назар чунин менамояд, ки атрофиён шуморо асабонӣ ё аз кор дур кардан мехоҳанд. Корҳои вобаста ба пулро дар ин рӯз ҳаллу фасл накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъияти ногаҳонӣ ё душвориҳо дар ҷои корро оромонаву дурандешона ҳаллу фасл намоед. Бо ҳамин роҳу восита ғалатҳои худро ислоҳ намуда, ҷасурона ба пеш ҳаракат мекунед. Чунин рафторатон аз ҷониби роҳбарияти коргоҳ хуш пазируфта мешавад. Эҳтимоли ошиқ шуданатон дар назар аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вақти бештари худро ба муносибатҳои шахсӣ ё оилавӣ ҷудо карданатон лозим аст. Эҳтимоли сар задани баҳсу мунозира ва нофаҳмӣ бо наздикон вуҷуд дорад. Атрофиён ба корҳоятон дахолат намуда, маслиҳат додан мехоҳанд. Бо нафарони бегона мушкилиҳои худро ҳаллу фасл накунед, вагарна зарари ҷиддӣ мебинед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Масъалаҳои муҳимро дар ин рӯз ба зудӣ рафъ карда метавонед, ҳамзамон ҳамфикронеро пайдо мекунед, ки дар лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ мекунанд. Шумо атрофиёнро маҷбур месозед, ки ба фикру андешаатон гӯш андозанд, вале табъатон зуд-зуд иваз мешавад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар дар касбу кор устувориву ҷасорат нишон диҳед, аз уҳдаи бисёр корҳо мебароед. Ҳар кореро, ки дар ин рӯз ба нақша гирифта будед, ҳатман аз пайи анҷом доданаш шавед, нақшаҳоятон набояд тағйир ёбанд. Ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳед, вагарна ҷанҷол давомдор мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳар кореро, ки дар ин рӯз ба нақша мегиред, бо дастгирии одамони даркорӣ ва ёрдамчиёни содиқ анҷом дода метавонед. Кори нав аз шумо дониши иловагӣ талаб мекунад, аз ин рӯ, барои омӯзиш вақт ҷудо кунед. Танқиду эроди атрофиёнро ба дил наздик нагиреду хафагӣ накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *