Дар Тоҷикистон «машеница» пайдо шудааст
Аз нақли хонандаи сомонаамон, ки ба доми фиреби духтараке гирифтор шуда, ба ин ҳол расидааст, бо қалами худаш пешкаш месозем.
Ман Ҷовид. Се сол боз дар Русия кор мекардам, вале маро депорт намуданду ранҷу азобам сар шуд. Падарам ба ҷону ҳолам намонда «синну солат ба ҷое расидааст, биё бо ҳамин зиндагиам саратро ҷуфт кунем» мегуфту модарам гапи шавҳарашро тақвият дода мудом мепурсид, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дорам ё не. Дидам, ки азми пиру кампир ҷиддист, «худатон медонед, касеро, ки хоҳед, келин кардан гиред» гуфтам. Падару модарам шод шуда бо кулчаю қатмол ба дари чанд ҳамсояи духтардорамон хостгорӣ рафтанд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Навмед нашуда ба духтарони дигар деҳаҳо талабгор шуданд, аммо дар ҳама ҷо «аввал домодро бинем» мегуфтанд. Волидонам маро зӯран сару соз карда ба хонаи арӯсшавандаҳо мебурданд, аммо ҳамин ки аз дар даромадем, як гапро мешунидем: «Вий, сари ин бача кал будааст! Не, намешавад!» Аз келинкобиҳои падару модарам хаста шуда, қарор додам, ки арӯсро худам меёбам. Тариқи телефон бо Марҳабо ном духтаре шинос шудам. Шабу рӯз гап зада хаёлан қасри бахт месохтем. Мақсадамро ба ӯ гуфта хоҳиш кардам, ки як бор ҳамдигарро аз наздик бубинем, агар ман ба ӯ писанд ояму розӣ шавад, ба хонаашон хостгор мефиристам. Марҳабо «дидан чӣ лозим, ман духтари зоҳирпараст нестам, калу кӯр бошед ҳам, шумо ба ман писанд меоед, чунки сирати зебо доштаед» гӯён, тақозо намуд, ки ҳарчи зудтар хостгорҳоямро ба хонаашон фиристам.
Суроғаи хонаашонро пурсидам. Номи маҳаллаашонро гуфта таъкид намуд, ки дарвозаи сеюм хонаи падари ӯст. Вақте ки ману падару модарам бо дастурхонҳои калон-калони пур аз кулчаю тӯша ва мағзу мавиз ба маҳаллаи гуфтааш расида дарвозаи хонаи сеюмро кӯфтем, зани лоғарандоме дарро кушода мақсадамонро пурсид. Худамонро шинос карда барои духтараш хостгорӣ омаданамонро фаҳмондем. Пиразан қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт:
-Ман фарзанд надорам. Чандин сол боз дар ҳамин кулбаяки вайрона тани танҳо зиндагӣ карда истодаам. Марҳабои мегуфтагиатон худи ман ҳастам. Аз афташ кадом духтараки шӯх писаратонро масхара карданӣ шуда суроғаи хонаи маро додааст.
Аз шарм замин накафид, ки дароям. Суп-сурх шуда чӣ гуфтанамро намедонистам. Ба мошин нишастем. Падарам худро дошта натавониста қоҳ-қоҳзанон механдид, модарам ҳам рӯяшро гардонда, зери лаб табассум мекард. Девона шуда чанд маротиба гаштаву баргашта ба ҳамон рақаме, ки мудом Марҳабо аз он занг мезад, телефон кардам, то адаби духтари шаттоҳро диҳам, вале дар ҷавоб танҳо садои гуд-гуд ба гӯш мерасиду халос.
Дигар ба ягон духтар хостгор нафиристодам. Метарсам, ки сари каламро дида боз маро масхара мекунанд. Ҳайрони ҳамин духтарҳоям, о хушбахтӣ ба мӯйи сар чӣ алоқа дорад? Шумо чӣ мегӯед, хонандагони азиз, магар бачаи кал ҳаққи зан гирифтан надорад?
Ҷовид, аз н. Қумсангир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ