Марги Карлов нақшаҳои Путинро вайрон кард

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 23 декабр нишасти матбуотии солонаашро баргузор мекунад. Пештар интизор мерафт, ин нишаст 22 декабр барпо шавад. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар додааст.

Путин, ба гуфтаи Песков, ба хотири ширкат дар маросими видоъ бо сафири кушташудаи Русия дар Туркия, ки 22 декабр сурат мегирад, нишасти матбуотиашро ба таъхир гузоштааст. Ҷасади сафири русро, ки 19 декабр дар Анкара кушта шуд, ахиран ба Маскав оварданд.

Рӯзи сешанбе мутахассисони Русия барои таҳқиқи куштори сафир ба Анкара рафтаанд. Мақомоти Туркия хабар доданд, ки дар робита ба ин ҳодиса 6 гумонбарро боздошт кардаанд. Ҳам Русия ва ҳам Туркия ба ин назаранд, ки Андрей Карлов, сафири рус бо ҳадафи вайрон кардани муносибатҳои ду кишвар кушта шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.