Дар Тошканд мехостанд як ҷасадро ба соҳибонаш ба $200 «фурӯшанд»
Дар шаҳри Тошканд ташхисгари судӣ-тиббиро боздошт карданд, ки барои додани як ҷасад аз наздиконаш 200 долллари амрикоӣ пора талаб кардааст.
Ба огаҳии Додситони кулли Ӯзбекистон, корманди Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ташхиси судӣ-тиббии Тошканд З.У. аз мақомаш сӯистифода карда, аз шаҳрванд И. барои додани ҷасади хешаш 200 долллари амрикоӣ талаб намудааст.
«Ин ҳолат дар натиҷаи як амалиёти кормандони Додситонии шаҳри Тошканд ошкор карда шудааст», — омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Зидди З.У. бо банди «Гирифтани пора» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ