Қироншоҳ Шарифзода: «Чаҳор мақола» доир ба «Бухорои шариф»

Китоби ҷадиди муҳаққиқи журналистика Қироншоҳ Шарифзода бо номи «Чаҳор мақола» ба табъ расид. Он заминаю омилҳои таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф», саҳми устод Айнӣ ба ҳайси аввалин муҳаққиқи нашрияи мазкур ва мушаххасоти давраи чопи «Бухорои шариф»-ро дарбар мегирад.

Саҳми Қироншоҳи Шарифзода дар таҳқиқ, омӯзиш ва банду басту овардани рӯзномаи «Бухорои шариф» бениҳоят зиёд аст. Гарчанде то ин солҳо бештар аз 40 тан муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи ин рӯзнома пардохта бошанд ҳам, то соли 2012 танҳо чанд шумораи «Бухорои шариф» дар Тоҷикистон, дар архиви шахсии Пайванди Гулмуродзода, Усмонҷон Ғаффоров ва Абдухолиқи Набавӣ маҳфуз буду халос, ки ин кори муҳаққиқонро душвор мекард.

Пас аз он ки журналисти муқими Аврупо Салими Аюбзод дар китобхонаи Ҳолланд мавҷуд будани нусхаҳои «Бухорои шариф»-ро расонаӣ кард, маҳз бо пешниҳоду дархости Қ. Шарифзода ва мусоидати директори вақти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии кишвар доктор Низомиддин Зоҳидӣ, Салими Аюбзод ва пажуҳишгари тоҷиктабори афғонистонӣ Наҷмиддини Ковиёнӣ нусхаҳои ҳудуди 100 шумораи «Бухорои шариф»-ро дар шакли электронӣ ба Тоҷикистон оварданд. Аммо боз 53 шумораи он, ки барои таҳқиқоти мукаммали илмӣ мебоист мавҷуд бошад, дастрас набуд.

Бо вуҷуди ин, Қ. Шарифзода он сад шумораро мавриди баррасӣ қарор дода, дар арафаи ҷашни 100-солагии рӯзнома китоби тадқиқотие бо номи «»Бухорои шариф»: назаре пас аз 100 сол» таълиф намуд.
Аммо боз Шарифзода буд, ки баъди ба нармӣ гароидани муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо мусоидати ректори вақти ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба шаҳри Тошканд сафар намуда, аз Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ нусхаҳои боқимондаи “Бухорои шариф”-ро пайдо намуд. Он гунае, ки худи муҳаққиқ ёдовар мешавад, “ректор ба ин кори хайр камари ҳиммат бастанд ва бо дархости махсус ба унвони ҷониби Китобхонаи Миллии Ӯзбекистон маро ба сафари хидматӣ фиристоданд. Банда бо бастаҳои дар «Хазинаи тиллоӣ» маҳфузбудаи «Бухорои шариф» шинос шуда, 53 шумораи дар Тоҷикистон набударо нусхабардорӣ кардам ва инак, он дар ганҷинаи Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад”.

Ва инак китоби нави муҳаққиқ бо номи «Чаҳор мақола: аз таъриху осори нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф»» ба чоп расид, ки дар мақолаҳои маҷмӯа заминаю омилҳои ба миён омадани рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», нақши устод Айнӣ ба ҳайси аввалин муҳаққиқи рӯзнома ва мушаххасоти давриятии чопи «Бухорои шариф» мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтаанд.

Гуфтанист, ки «Чаҳор мақола: аз таъриху осори нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф»» бо шарҳи мухтасари мақолаҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ, зери назари академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва бо Пешгуфтори доктори илмиҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода ба табъ расидааст.

Бояд ёдовар шавем, ки хулосаи аввалин тадқиқотҳои Қироншоҳ Шарифзода дар соли 2006 дар маҷмӯаи «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ» ба табъ расида буд.

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ,
донишҷӯйи ДМТ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Pingback: Қироншоҳ Шарифзода: «Чаҳор мақола» доир ба “Бухорои шариф” — Меҳрофарин

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *