Дар Туркманистону Ӯзбекистон рӯзи Иди Қурбонро муайян карданд
Рӯзномаи Аltyn asyr-и Туркманистон хабар медиҳад, ки муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон М. Маммедова дар маҷлиси ҳукуматӣ ба муносибати Иди Қурбон рӯзҳои 28-29-30-юми июнро дар кишвараш рӯзҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар гирифтааст.
Маълум аст, ки Иди Қурбон дар кишварҳои мусалмонӣ се рӯз пайиҳам таҷлил мешавад, рӯзи аввал дар бисёр кишварҳо, аз он ҷумла дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки моҳи оянда ӯзбекистониҳо истироҳати тӯлонӣ хоҳанд дошт. Дар охири моҳи июн сокинони Ӯзбекистон пайиҳам камаш се рӯз, ҳадди аксар панҷ рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Маркази фатвои Раёсати мусулмонони Ӯзбекистон низ мушаххас кард, ки санаи эҳтимолии таҷлили Иди Қурбон ба рӯзи 28-уми июн рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ