Толибон бо Эрон ҷанг эълон кард?

Яке аз раҳбарони Толибон Абдулҳамиди Хуросонӣ бо интишори баёния омодагии худро барои посух додан ба таҷовузи Эрон эълом кард.

«Қувваи моро насанҷед, шумо дар паси парда бо ғарбиён ҳастед ва мо мусалмони ҳақиқӣ ҳастем, агар бузургони Аморати Исломӣ ба мо иҷозат диҳанд, Теҳронро фатҳ мекунем. Мо бо шумо нисбат ба ИМА бо шавқу рағбати бештар мубориза хоҳем бурд»,- гуфтааст ӯ.

Воситаҳои ахбори омма пур аз сарлавҳаҳо дар бораи «эълони ҷанг» мебошанд. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои тирпарронӣ ва интиқоли силоҳу одамон дар марз паҳн мешавад.

Дар айни замон ҳеҷ яке аз тарафҳои даргир расман ҷанг эълон накардааст. Худи Абдулҳамиди Хуросонӣ танҳо дар сурати эълони ҷиҳод омодагии худро ба ҷанг эълон мекунад. Матбуоти расмии Эрон ва Афғонистон ин вазъро шарҳ намедиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *