Дар Украина 498 сарбози рус кушта шудаанд
Бино ба итилои Вазорати дифои Русия, дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина 498 сарбози рус кушта шудаанд.
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков маълумот дар бораи талафоти артиши Русия дар амалиёти вижа дар Украинаро ошкор кард.
Бинобар хабари Вазорати дифои Русия, дар ҷараёни амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина 498 низомии ин кишвар кушта ва 1597 сарбоз захмӣ шудаанд.
— Игор Конашенков ба рӯзноманигорон хабар дод, ки даъватшавандагон ба сафи артиш ва муҳассилини муассисаҳои таълимии Вазорати дифоъ дар амалиёти Донбасс ширкат намекунанд. Вай ҳамчунин маълумот дар бораи талафоти «беҳисоб»-и артиши Русияро рад кард,- менигорад Sputnik.
«Иттилооте, ки бисёре аз расонаҳои ғарбӣ ва инфиродии Русия дар бораи талафоти гӯё «беҳисоб»-и артиши Русия паҳн мекунанд, воқеият надоранд»,- гуфт генерали рус.
Намояндаи Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина низ маълумот дод. Тибқи иттилои ин ниҳоди низомӣ, зиёда аз 2870 сарбози украинӣ кушта, 3700 нафар захмӣ шудаанд. Шумораи гаравгонафтодагон 572 нафарро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ